Бунёди хиёбони нав дар назди бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
11.05.2018

Бунёди хиёбони нав дар назди бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти анҷом додани корҳои созандагӣ, ободониву бундёкорӣ, 11 майи соли 2018 дар назди бинои маъмурии Бонки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, барои сокинон ва меҳмонони пойтахти кишварамон боз як гулгашти нави зебо баҳри сайругашту истироҳати шаҳрвандон ба истифода дода шуд.

Gul_1.JPG

Gul_6.JPG

Боиси тазаккур аст, санаи 13 апрели соли 2018 зимни боздид аз як қатор иншоотҳои пойтахт, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигии Бонки миллии Тоҷикистон, Кохи Ваҳдат ва дигар иншооти шафати кӯчаи марказии хиёбони Рӯдакӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои бунёди гулгашти замонавӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, ниҳолҳои ҳамешасабз, чароғонкунонӣ, сохтмони фаввораҳои зебо ва насби курсиҳо баҳри фароғати шаҳрвандон дар саҳни бинои Бонк дастуру ҳидоятҳои муфид ҷиҳати ободонии пойтахти ватани азизамон –шаҳри Душанбе ироа гардид.

Gul_3.JPG

Gul_4.JPG

Дар робита ба ин, саҳни наздиҳавлигии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи дастури Пешвои миллат бо намудҳои гуногуни гулу буттаҳои ҳамешасабз ва шукуфон оро ёфта, саҳни гулгашт баъди насби чароғҳо ва курсиҳо барои нишаст ба хиёбони зебои фароғативу истироҳатӣ табдил дода шуд.

Gul_5.JPG

Gul-_2.JPG

Gul_7.JPG

Бунёди гулгашти нав, ки дар муддати камтарин анҷом ёфт, идомаи иқдомҳои созандагӣ дар соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид барои сайру гашт ва истироҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт, ҳамзамон муаррифгари завқи баланди зебоиву озодакории сокинони пойтахт дар назди меҳмонони кишварамон хоҳад буд.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Возврат к списку