Ташрифи Ҳайати ХБА ба ҶСК “НБО Роғун”

Бойгонии ахбор
14.05.2018

Ташрифи Ҳайати ХБА ба ҶСК “НБО Роғун”

Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти сарварии роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал ба Тоҷикистон ташриф овард.

Дар доираи ташрифи худ ба Тоҷикистон Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти сарварии хонум Падамжа Ханделвал дар баробари шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии кишвар, инчунин ба ҶСК “НБО Роғун” ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ аз ин иншооти бузурги стратегӣ сафар карданд.

563A8879-1.JPG

Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъорро ба ҶСК “НБО Роғун” Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳамроҳӣ намуд.

Зимни ташриф ба ҶСК “НБО Роғун” бо Ҳайати ХБА мулоқот доир гардид. Дар ибтидо Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба нерӯгоҳи обии барқии Роғун, аҳамият ва нақши он дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва мавқеи он барои минтақаи Осиёи Марказӣ, зарурати ҷалби сармоягузорӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои рушд изҳори назар кард.

563A8985-2.JPG

Дар идома, муовини директори ҶСК “НБО Роғун” Маҳмадсаид Шамсуллозода дар бораи таҳияи лоиҳаи ин иншоот, хусусиятҳои техникӣ, гидроэнергетикӣ ва аз ҷиҳати техникӣ, сейсмикӣ устувор будани он маълумоти муфассал манзур намуд.

563A8934-3.JPG

Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал баъди шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ зимни ташриф аз иншоотҳои сохтмонии НБО Роғун лоиҳаи мазкурро иншооти хеле бузург ва стратегӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон кори хеле бузургро азм кардааст.

563A9240-4.JPG

Дар баробари ин, дар рафти муҳокимаи пурмуҳтаво хонум Падамжа Ханделвал ба суолҳои худ оид ба хусусиятҳои иқтисодии лоиҳа, қудрати истеҳсол ва содироти қувваи барқ баъди анҷом ёфтани иншоот посухҳои мушаххас гирифт.

563A9122-5a.JPG

Боиси тазаккур аст, Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, ки роҳбари ХБА оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, аз санаи 12 то 23 майи соли 2018 бо мақсади шиносоӣ аз вазъи иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкӣ ҷиҳати таҳияи шарҳи иқтисодӣ оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор доранд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку