Ташрифи Ҳайати намояндагии ХБА ба Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
14.05.2018

Ташрифи Ҳайати намояндагии ХБА ба Бонки миллии Тоҷикистон

Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти сарварии роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал ҷиҳати омӯзиши вазъи иқтисодӣ ва эҳтимолияти тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

563A9906-1.JPG

Дар доираи сафари кории Ҳайати ХБА, 14 майи соли 2018, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал мулоқоти корӣ доир намуд. Дар мулоқоти мазкур Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбарони воҳидҳои калидии БМТ ширкат варзиданд.

563A9851-2.JPG

Зимни мулоқот, ки дар фазои мусоид ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ, зарурати таҳким бахшидани асосҳои сиёсати пулию қарзӣ ва фискалӣ мубодилаи афкор намуданд.

563A9668-3.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни мулоқот бо меҳмонон оид ба фароҳам омадани заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳо дар минтақа, рушди бахши воқеӣ ва сиёсати пулию қарзии сохтори молиявӣ дар ҷамъбасти соли 2017 ва семоҳаи аввали соли 2018 бо нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, сатҳи таваррум, фишангҳои монетарӣ ва устувории бахши молиявӣ, дурнамои умумии иқтисодӣ ва хавфҳои мавҷуда дар ин самт, нақшаҳои бартараф намудани масъалаҳои ҷойдошта ва таҷдид дар бахши молиявӣ, ҷорӣ намудани ҳадафгирии таваррум сухан ронд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои дар сатҳи сифатан нав тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи судманд бо Хазинаи байналмилалии асъор изҳори умед карда, ҷиҳати мусоидат дар самтҳои дахлдори низоми бонкӣ омодагии роҳбарият ва воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистонро баён намуд.

563A9741-4.JPG

Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар навбати худ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати омӯзиши вазъи макроиқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат ба Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои барои Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон афзалиятнок изҳори ҳавасмандӣ ва омодагии хешро баён намуд. Хонум Падамжа Ханделвал изҳор намуд, ки ҷиҳати ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкӣ, ки барои суботи молиявии кишвар ва рушди иқтисодиёт нақши калидӣ дорад, инчунин мусоидат ба татбиқи ислоҳот дар сиёсати монетарӣ ва ҳамчунин роҳандозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодии Хазинаи байналмилалии асъор барои Ҷумҳурии Тоҷикистон талош хоҳад варзид.

563A9633-5.JPG

Мавриди зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъорро Намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Юрий Соболев, иқтисодчиёни ХБА Бенисио Далмасио, Мирзаев Санан ва коршиноси ХБА Йохан Молин ҳамроҳӣ карданд.

Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, ки роҳбари ХБА оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, аз санаи 12 то 23 майи соли 2018 бо мақсади шиносоӣ аз вазъи иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкӣ ҷиҳати таҳияи шарҳи иқтисодӣ оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, бо як қатор вазорату идораҳои калидии кишвар мулоқот анҷом хоҳанд дод.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку