18.05.2018
Эълони ОЗМУН
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Идораи низоми пардохт
I
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои
молиявии рақамӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё техникӣ;
- таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 3 сол;
- таҷрибаи корӣ дар соҳаи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, донистани раванди технологии пардохтии бонкӣ (хизматрасонии фосилавии бонкӣ/тиҷорати электронӣ/ эмиссия/эквайринг) на камтар аз 3 сол;
- дониши кофӣ оид ба хусусиятҳои фаъолияти низомҳои интиқоли маблағҳо ва низомҳои пардохтӣ (Visa int, Mastercard, Unionpay, Western Union ва дигарҳо);
- донистани қоида ва талаботҳои низомҳои пардохтӣ;
- донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
- малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо) ;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3x4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 01.06 с.2018