Дар пайравӣ ба иқдомҳои доимии бунёдкориву ободонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон дар мавриди пайваста ташкил намудани ҳашар-шанбегиҳо бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атрофи коргоҳ, дар Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам ҳашар-шанбегиҳо гузаронида мешаванд.
2 июни соли 2018 дар шанбегии навбатӣ, ки дар бинои Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, дар доираи Нақшаи баргузории шанбегиҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати идомаи анъанаҳои наҷиби ниёгонамон дар мавриди беҳдошти муҳити зист, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф,
пайравӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ зиёда аз 150 нафар кормандони воҳидҳои гуногуни сохтории бонк ба ҳашар баромада, дар тоза кардани саҳни назди ҳавлӣ аз алафҳои бегона ва худрӯй, бунёди гулгаштҳо ва шинондани ниҳолҳои ороишӣ саҳми худро гузоштанд.
Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур аз як ҷониб омодагии ҳамаҷониба ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои давлатӣ буда, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми кормандон ба зебогиҳои табиату муҳити атрофи Ватани азизамон маҳсуб меёбад.
Шуъбаи матбуоти БМТ