Табодули таҷриба бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ

Бойгонии ахбор
11.06.2018

Табодули таҷриба бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ

Бо ташаббуси Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани тахассусияти кормандон бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои дигар, инчунин самаранок истифода бурдани сафарҳои хизматӣ, ҳар ҳафта дар Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба мавзӯъ ва таҷрибаи андӯхташуда аз курсҳои омӯзишӣ ва сафарҳои кории кормандони БМТ рӯнамои (презентатсия)-ҳо мавриди муҳокима ва омӯзиш қарор дода мешаванд.

IMG_8673-1.JPG

Аз ин рӯ, 9 июни соли 2018 муаррифӣ барои бори аввал бо иқдоми Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев баргузор шуда, дар он мутахассиси пешбари Идораи муносибатҳои байналмилалӣ Муҳамадиева Шаҳнозахон ва мутахассиси дараҷаи 1 Шуъбаи банақшагирии молиявӣ ва таҳлил Ибодова Шаҳноза барои ҳамкорон рӯнамоиҳои худро манзур гардониданд.

Дар рафти пешниҳоди маводи аввал дар мавзӯи “Дастрасӣ ба барномаи хизматрасониҳои молиявӣ барои соҳибкории хурду миёна” Муҳамадиева Ш. оид ба омӯзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар самти мазкур баромад намуда, вобаста ба тадбирҳои татбиқгардида ҷиҳати беҳтар намудани фазои дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар кишварҳои узви Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) ва истифодаи таҷрибаи зерин дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

IMG_8647-2.JPG

Муаррифии дуюм дар мавзӯи “Мубодилаи таҷрибаи Бонкҳои марказӣ (миллӣ) дар соҳаи буҷетикунонӣ ва тартиби харид дар бонкҳои марказӣ (миллӣ)” аз ҷониби Ибодова Ш. пешниҳод гардид. Номбурда вобаста ба мавзӯъҳои асосии семинар - таҷрибаи иштирокдорон дар соҳаи буҷетикунонӣ ва амалӣ намудани харид дар Бонкҳои марказӣ (миллӣ), тартиби таҳия, баррасӣ ва тасдиқи буҷет, назорат аз рӯи иҷроиши он, роҳҳои пешгирии хавфҳо ва бартараф намудани камбудиҳо ҳангоми таҳия ва татбиқи буҷет, мақсаднокӣ ва дуруст азхудкунии маблағҳои буҷетӣ, тартиб ва намудҳои амалӣ намудани харид дар Бонкҳои марказӣ (миллӣ) иттилоъ дод.

IMG_8615-3.JPG

Баъд аз қисмати суолҳо ва муколама, дар қисмати ҷамъбастӣ оид ба бартарият ва камбудиҳои муаррифӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев хулосабарорӣ намуда, зимни муаррифӣ ба инобат гирифтани ҷузъиётҳои муҳимро барои кормандон талқин намуд. “Роҳандозӣ намудани чунин таҷриба барои кормандони Бонки миллӣ имкон медиҳад, ки дар баробари баланд бардоштани тахассусияти касбии худ, табодули таҷриба ва сайқал додани малака, инчунин барои дар сатҳи байналмилалӣ масъалагузорӣ кардан ба таври комил омода бошанд”, - зикр намуд Ҷамолиддин Нуралиев.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку