Муҳокимаи дурнамои ҳамкорӣ дар мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев ва Нил Маккейн

Бойгонии ахбор
13.06.2018

Муҳокимаи дурнамои ҳамкорӣ дар мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев ва Нил Маккейн

13 июни соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Осиёи Марказӣ Нил Маккейн ва Намояндаи доимии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова баргузор гардид.

563A8029.JPG

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд муколама намуда, вобаста ба масъалаҳои лоиҳаҳои ҷорӣ ва имконпазир дар низоми бонкии кишвар ва самтҳои дигар, идоракунии корпоративӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла тақсимоти лоиҳаҳои БАТР дар маҳалҳо табодули андеша намуданд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, ки ҳамзамон Мудири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад, таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро ба ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкии кишвар, бахусус дар самти таҳким бахшидани назорати ташкилотҳои қарзӣ, баланд бардоштани масъулияти Шӯрои нозирон, бартариятҳои низоми ягонаи пардохт, баҳодиҳии сифати дороиҳои низоми бонкии мамлакат даъват намуд.

563A8032-2.JPG

Директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ Нил Маккейн дар навбати худ баён кард, ки соли ҷорӣ дар соҳаҳои низоми бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон 7 лоиҳа татбиқ мегардад ва дар ояндаи наздик барои ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон самтҳои афзалиятнок аз ҷониби БАТР муайян шудаанд, аз ҷумла дар самти дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва сиёсати коммуникатсионӣ, ки ба ҳадафгирии таваррум бевосита рабт дорад ва таъмини гарав ба молу мулки манқул дар асоси тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ мебошанд. Мавсуф инчунин дар мавриди саривақт амалӣ намудани пардохтҳо аз рӯи лоиҳаҳои мавҷуда сухан карда, баҳри тавсеа ёфтани ҳамкориҳо дар самтҳои нав изҳори омодагӣ кард.

563A8020.JPG

Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев дар ҷамъбасти мулоқот ҷиҳати тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ ва саноатӣ, рушди низоми бонкӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку