Ба муомилот баровардани тангаҳои филизии 1, 3 ва 5 сомонӣ

Бойгонии ахбор
18.06.2018

Ба муомилот баровардани тангаҳои филизии 1, 3 ва 5 сомонӣ

Бо мақсади таъмин намудани талаботи муомилоти пули нақди ҷумҳурӣ бо пулҳои майда, аз ҷумла тангаҳои филизӣ, инчунин тоза нигоҳ доштани пулҳои нақд дар муомилот ва сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 20 июни соли 2018 тангаҳои филизиро бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва тангаҳои филизиро бо арзиши номиналии 10, 20, 50 дирам ба муомилот мебарорад.

Тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 10, 20, 50 дирам, барориши соли 2018 дар қатори тангаҳои филизии барориши солҳои 2001, 2006, 2011, 2015 ва 2017, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2018 бо арзиши номиналӣ тибқи тартиби муқарраршуда, чораҳои заруриро меандешад.

Барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба тангаҳои филизӣ ташкилотҳои қарзӣ метавонанд бо пешниҳоди дархост аз Бонки миллии Тоҷикистон ба қадри зарурӣ ва саривақт тангаҳои арзишашон номиналиро бе мамониат ва маҳдудият дастрас намоянд.

Бояд қайд кард, ки тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 10, 20, 50 дирам, барориши соли 2018 дар корхонаи сикказании Бонки миллии Қазоқистон истеҳсол шуда, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2018, таҳти № 84 ба муомилот бароварда мешаванд.

Мушаххасоти пурра оид ба тангаҳои филизии Бонки миллии Тоҷикистон, барориши соли 2018 дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар бахши “Пулҳои қоғазӣ ва танга” нашр шудааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку