Эълони ОЗМУН

Бойгонии ахбор
21.06.2018

Эълони ОЗМУН

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти аудити дохилӣ

I
аудитори дараҷаи III шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаҳои бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ – афзалият дорад;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани Ms Office (Word, Excell, Power Point) ҳатмӣ;
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи кории 3- сола дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ.

II

аудитори дараҷаи III бахши аудити технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани таҷрибаи корӣ дар соҳаи технологияи иттилоотии бонкӣ (маъмурикунонии низомҳои иттилоотӣ);
  • донистану фаҳмидани моҳияти COBIT, COSO, ITIL ва ғайра – афзалият дорад;
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи кории 3- сола дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар бахшҳои аудити дохилӣ ё берунӣ афзалият дорад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳои довталабон бо нишонии зерин қабул карда мешаванд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • телефонҳо барои маълумот - 44 600-32-32; 44 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 06.07 с.2018.



Возврат к списку