Дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрии ҶДММ ТАҚХ “Сафӣ”

Бойгонии ахбор
03.07.2018

Дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрии ҶДММ ТАҚХ “Сафӣ”

Дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №87 аз 26.06.2018, дархости ҶДММ ТАҚХ “Сафӣ” оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ карда шуд.

Тибқи қарори зикршуда, иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Сафӣ” ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 9 апрели соли 2014, таҳти № 64 барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуд.

Мақомоти ваколатдори ҶДММ ТАҚХ “Сафӣ” вазифадор карда шуд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзии номбурдаро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.

Дар навбати худ, комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор карда мешавад, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку