Омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва татбиқи он

Бойгонии ахбор
04.07.2018

Омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва татбиқи он

30 июни соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон муаррифии навбатии рӯнамоҳо аз даври омӯзиш ва сафарҳои хизматии мутахассисони бонк баргузор гардид.

Runamoi_1.JPG

Дар муаррифии мазкур мутахассисони Департаменти назорати бонкӣ, Департаменти мониторинги молиявӣ, Идораи ҳисобдорӣ ва Идораи суботи молиявӣ дар назди ҳамкорон вобаста ба бардошти хеш аз ҷараёни семинару машғулиятҳои амалӣ, рафти таҳлили мавзӯҳо ва таҷрибаву малакаи касбии ҳамтоёни хориҷии худ дар мавзӯҳҳои “Гурӯҳбандии дороиҳо ва ташкили захираҳо тибқи меъёрҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва назорати бонкӣ”, “Рафъи маблағгузории терроризм”, “Ташкили ҳисобдорӣ дар бонкҳои марказӣ”, “Таҳлили хавфҳои макромолиявӣ дар низом”, “Ҷараёни молиявии ғайриқонунӣ, мусодираи молу мулки ғайриқонунӣ ва мубориза бо натиҷаҳои молиявии шабакаҳои ҷиноӣ” ва “Нишасти солонаи коршиносони ФАТФ оид ба типологияҳои қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм” ҳисобот доданд.

Runamoi_2.JPG

Аз ҷумла, дар қисмати аввали чорабинӣ сардори Идораи назорати ташкилотҳои маблағгузории хурди Департаменти назорати бонкӣ Зафар Абдуллоев, сардори шуъбаи таҳлил ва назорати ҳисобдории Идораи ҳисобдорӣ Бобоҷон Азизов ва мутахассиси шуъбаи таҳлили суботи молиявии Идораи суботи молиявӣ Парвина Қодирзода зимни баромадҳои худ оид ба гурӯҳбандии дороиҳо ва ташкили захираҳо тибқи меъёрҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва назорати бонкӣ, ташкили кори ҳисобдорӣ дар бонкҳои марказӣ дар асоси таҷрибаи Бонки марказии Ҷумҳурии Белорус, таҳлили хавфҳои макромолиявӣ дар низом ва бартараф намудани оқибатҳои он бо омӯзиши таҷрибаи мушкилоти Иттиҳоди Аврупо бар асари буҳрони молиявӣ ва тартиби назорати бонкҳо дар Аврупо маълумот пешниҳод намуданд.

Runamoi_3.JPG

Дар идома, сардори шуъбаи бозрасии Департаменти мониторинги молиявӣ Сино Эшов ва мутахассиси ҳамин Департамент Талабшо Ғаюрзода рӯнамоҳои худро вобаста ба Нишасти солонаи коршиносони ФАТФ оид ба типологияҳои қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм, тартиби ҷамъоварии маълумот бо мақсади муқовимат ба маблағгузории терроризм, ҷараёни ошкоркунии маблағҳои ғайриқонунӣ, тартиби мусодираи он ва мубориза бо шабакаҳои ҷиноятӣ дар ин самт бо таҳлили васеъ барои иштирокдорон манзур намуданд.

Runamoi_4.JPG

Қобили қайд аст, ки ҳадаф аз баргузории силсилаи муаррифии рӯнамоҳо баланд бардоштани тахассусияти кормандон бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам ва самаранок истифода бурдани барномаи курсҳои омӯзишӣ ва сафарҳои хизматии кормандон мебошад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку