Шарҳи мухтасари таваррум дар моҳи июни соли 2018

Бойгонии ахбор
12.07.2018

Шарҳи мухтасари таваррум дар моҳи июни соли 2018

Сатҳи таваррум тамоюли муътадили худро ба монанди моҳҳои қаблӣ идома дода, дар моҳи июни соли ҷорӣ ба 0,5 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи -0,1 банди фоизӣ (б.ф.) кам мебошад.

Дар моҳи баррасишаванда ба сатҳи таваррум асосан афзоиши нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ 1,7 фоиз (саҳм дар таваррум 0,5 б.ф.) ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 2,1 фоиз (0,3 б.ф.) таъсир расонид. Ҳамзамон, коҳишёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи -0,5 фоиз (-0,3 б.ф.) ба қайд гирифта шуд.

Ба раванди мазкур болоравии нархи баъзе аз молҳои ғайрихӯрокворӣ ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ (аз қабили маводи сӯзишворӣ) замина гузошт, ки ин зуҳурот омили ғайримонетарӣ арзёбӣ мегардад.

Дар сохтори молҳои ғайрихӯрокворӣ дар моҳи баррасишаванда бештар афзоиши нархи гази моеъ ба андозаи 33,0 фоиз ба қайд гирифта шуд, ки ба ин коҳишёбии воридот ва дар ин замина боло рафтани нархи он дар кишвар сабаб гардид.

Тибқи маълумоти омори гумрукӣ танҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 27,8 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба моҳи гузашта (моҳи майи соли равон) ба андозаи 22,1 фоиз (7,9 ҳазор тонна) кам мебошад.

Маълумоти бештар 


Возврат к списку