Дар бораи ташкилотҳои қарзӣ

Бойгонии ахбор
16.07.2018

Дар бораи ташкилотҳои қарзӣ

Дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарорҳои навбатии худ таҳти №93 аз 11 июли соли 2018 ва №97 аз 13 июли соли 2018 дархостҳои ҶДММ ТАҚХ “Вомдеҳ” ва ҶДММ ТҚХ “Рушди Восеъ”-ро оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд.

Тибқи қарорҳои зикршуда, иҷозатномаҳои ҶДММ ТАҚХ “Вомдеҳ” ва ҶДММ ТҚХ “Рушди Восеъ”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд гардиданд.

Мақомоти ваколатдори ҶДММ ТАҚХ “Вомдеҳ” ва ҶДММ ТҚХ “Рушди Восеъ” вазифадор карда шуданд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ, бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои барҳамдиҳиро таъсис дода, ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку