Дар бораи ташкилоти брокерии суғуртавии “Ариё”

Бойгонии ахбор
16.07.2018

Дар бораи ташкилоти брокерии суғуртавии “Ариё”

Мутобиқи моддаи 77-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, моддаҳои 6, 141 ва 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобҳои 12, 13 ва 14-и Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2018, бинобар хотима ёфтани муҳлати амали Иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти брокерии суғуртавии “Ариё” фаъолияти ташкилоти номбурда қатъ гардид.

Тибқи қарори зикршуда дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта оид ба хориҷ намудани Ҷамъияти мазкур сабти дахлдор ворид карда мешавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку