Тарифҳои ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ таҷдиди назар карда шуданд

Бойгонии ахбор
16.07.2018

Тарифҳои ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ таҷдиди назар карда шуданд

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва кам кардани хароҷотҳои ташкилотҳои қарзӣ-иштирокчиёни низоми пардохтҳои электронӣ ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкиро ба ташкилотҳои қарзӣ таҷдиди назар намуд.

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2018, №98 тарифҳои нави ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ муқаррар гардиданд. Тарифҳои нав хароҷотҳои ташкилотҳои қарзиро ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ ба маротиб кам намуда, барои зиёд шудани теъдоди пардохтҳои байнибонкӣ ҳавасманд менамояд.

Дар навбати худ тарифҳои нав ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медиҳад, ки онҳо низ тарифҳои хаққи хизматрасониҳои худро ба муштариёнашон кам намоянд.

Инчунин, мавриди қайд аст, ки дар доираи лоиҳаи грантии Бонки ҷаҳонӣ “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ” бо мақсади рушди инфрасохтори низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ҷавобгӯ намудани низоми пардохтӣ ба стандартҳои байналмилалӣ татбиқи Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо ва Амонатгоҳи (депозитарияи) марказии қоғазҳои қиматнок амалӣ гардида истодааст.

Ба кор андохтани низомҳои зикргардида дар нимсолаи якуми соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро вусъат бахшида, дар баробари ин барои беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир мусоидат намояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку