Ташкилоти қарзии “Душанбе Сити” ба фаъолият оғоз намуд

Бойгонии ахбор
16.07.2018

Ташкилоти қарзии “Душанбе Сити” ба фаъолият оғоз намуд

Мутобиқи моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14 ва 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд”, бинобар иваз шудани номи ҶДММ ТАҚХ “Авфар” ба ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №96 аз 13 июли соли 2018, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Душанбе Сити” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаи мазкур ба ташкилоти номбурда ҳуқуқ медиҳад, ки дар фаъолияти худ ба ҷалби амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд, кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён, додани кафолат, қарордодҳои форвардӣ ва своп барои худ, амалиёти кассавӣ, амалиёти ҳисоббаробаркуниву мубодилавӣ ва барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ва амалиёт бо онҳо машғул шавад.

Мутобиқи қарори зикргашта иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Авфар” аз 4 декабри соли 2013 беэътибор дониста шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку