Машғулияти омӯзишӣ оид ба мубодилаи таҷриба

Бойгонии ахбор
17.07.2018

Машғулияти омӯзишӣ оид ба мубодилаи таҷриба

14 июли соли 2018 бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони БМТ машғулияти омӯзишӣ оид ба баррасии рӯнамоиҳои навбатӣ аз таҷрибаи андӯхтаи мутахассисон дар давлатҳои дигар баргузор гардид.

563A7804-1.JPG

Дар қисмати аввали муаррифӣ сардори Идораи кормандон Давлаҳмад Гадоев дар назди иштирокдорон дар бораи ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои омӯзиши касбии кормандони бонкҳои марказии (миллӣ) Ҷумҳурии Қирғизистон, Арманистон ва Федератсияи Русия баромад намуда, дар хусуси марому мақсадҳои Шӯрои ҳамоҳансоз, ташкили чорабиниҳои таълимӣ дар доираи барномаҳои он ҷиҳати пайваста баланд бардоштани савияи дониши кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони бонкҳои марказӣ (миллӣ) дар самтҳои муҳимми фаъолияти бонкӣ суханронӣ кард.

563A7860-2.JPG

Дар қисмати дуюми чорабинӣ мутахассисони Департаменти мониторинги молиявӣ дар хусуси барномаи омӯзишии худ ва моҳияти мафҳуми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Дар оғози муаррифӣ директори Департаменти мониторинги молиявӣ Файзулло Файзуллозода дар бораи зарурат ва аҳамияти ташкили кор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда суханронӣ намуда, оид ба тартибу усули фаъолият зимни баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм андешаҳои худро баён дошт.

563A7835-3.JPG

Сипас, мутахассисони Департаменти мониторинги молиявӣ Эшов Сино, Файзуллоев Акбаршоҳ, Шарипов Мирзошариф, Қурбонов Эраҷ ва Ғаюрзода Талабшоҳ вобаста ба муҳтавои барномаи машғулиятҳои омӯзишии худ дар мавзӯъҳои “Ташкили кори бонкҳои марказӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм. Назорати асъор”, “27-умин Ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ. Ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти кашшофии молиявии давлатҳои иштирокчиёни ИДМ” ва “Нишасти солонаи коршиносони ФАТФ оид ба типологияҳои қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм” ҳисобот доданд.

Дар қисмати саволу ҷавоб, ки бо муҳокимарониҳои ҷолиб сурат гирифт, иштирокдорон вобаста ба тартиби ҷамъоварии маълумот бо мақсади муқовимат ба маблағгузории терроризм ва ҷараёни ошкоркунии маблағҳои ғайриқонунӣ иттилоъ ба даст оварданд.

563A7848-4.JPG

Дар ҷамъбасти чорабинӣ, бо назардошти омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаҳои пешқадами бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ, таъкид гардид, ки минбаъд баромадкунандагон зимни муаррифии рӯнамоҳо дар баробари шарҳи мавзӯъҳои муҳимми машғулияту нишастҳо фикру андешаҳои худро оид ба бартарият ва камбудиҳои мавзӯъ пешниҳод намоянд. Таҷрибаи мазкур дар такмили касбияти мутахассисон ҳангоми пешниҳоди мавзӯъ ва рӯнамоҳо барои даврҳои омӯзишӣ дар оянда ба манфиати кор хоҳад буд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку