Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро бетағйир дар сатҳи 14 фоизи солона нигоҳ медорад

Бойгонии ахбор
27.07.2018

Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро бетағйир дар сатҳи 14 фоизи солона нигоҳ медорад

Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллииТоҷикистон ҷиҳати бетағйир дар сатҳи 14,0 фоизи солона нигоҳ доштани меъёри бозтамвил қарор қабул кард. Қарори мазкур бо дар назардошти вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, раванди таваррум ва дурнамои он, хавфҳои эҳтимолии таъсиррасон, ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар давраи миёнамуҳлат дар ҳудуди нишондиҳандаи мақсадноки 7,0 фоиз (+/-2%) қабул гардид. 

Аз аввали соли 2018 сатҳи таваррум тамоюли муътадилро дошта, дар моҳи июни соли 2018 таварруми солона 1,6 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби коҳишёбии нархи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба вуқӯъ пайваст.

Тамоюли пасттари таваррум нисбат ба ҳадафи мақсаднок бештар аз ҳисоби арзоншавии нархи маҳсулоти серистеъмоли аҳолӣ сурат гирифт. Омилҳои асосии таъсиррасон, ки боиси коҳишёбии назарраси таварруми солона гардид, бо дарназардошти таъсири омили пешниҳодот, аз он ҷумла афзоиши истеҳсолу таклифоти маҳсулоти хӯрокворӣ, ки тадриҷан ба мувозинатии бозори истеъмолии хӯрокворӣ мусоидат кард, алоқамандӣ дорад. Дар навбати худ, татбиқи сиёсати пайгиронаи монетарӣ ба коҳишёбии интизориҳои таваррумии аҳолӣ мусоидат намуд.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, сатҳи таварруми аслӣ, ки тамоюли дарозмуддати нархҳоро бетаъсири лаппишҳои кӯтоҳмуддат инъикос менамояд, муътадил боқӣ монда, бо арзёбии солона ба 1,5 фоиз расид. Ин нишондод аз маҳдуд будани таъсири омилҳои монетарӣ ба таваррум гувоҳӣ медиҳад.

Тибқи дурнамо пешбинӣ мегардад, ки тамоюли поёнравии таварруми солона хусусияти кӯтоҳмуддат ва мавсимӣ дошта, сатҳи он то интиҳои сол ба ҳадафи муқарраршуда (7,0% ±2 б.ф.) наздик хоҳад шуд. Ба ин пеш аз ҳама тадриҷан паст шудани таъсири омилҳои болозикр мусоидат хоҳад кард.

Гарчанде таваррум дар сатҳи муътадил пешбинӣ шуда бошад ҳам, вобаста аз таъсири омилҳои хусусиятҳои берунӣ ва дохилӣ дошта, тағйирёбии раванди қурби асъор, эҳтимолияти таъсири манфии фишорҳои мазкур ба устувории таваррум ва дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мавҷуданд. Бахусус, шиддатнокии вазъи геосиёсӣ ва номуайяниҳо дар минтақа боиси болоравии нархи ҷаҳонии маҳсулотҳои воридотӣ гашта, метавонад ба вазъии қтисодии кишвар таъсир расонад.

Ҳамзамон, болоравии меъёри фоизи сиёсати монетарии Низоми Захиравии Федералии ИМА, инчунин афзоиши воридот дар ҷумҳурӣ, эҳтимолияти ба амал омадани фишорҳои қурбӣ мегардад.

Бинобар ин, ҷиҳати коҳиш додани таъсири хавфҳои таваррумӣ, дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани интизориҳои таваррумӣ ва раванди муътадили сатҳи нархҳо дар давраи миёнамуҳлат, меъёри бозтамвил бетағйир дар сатҳи 14 фоизи солона нигоҳ дошта мешавад.

Бонки миллииТоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноилгардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома дода, дар мавриди маҳдудгаштани хавфҳои таваррумӣ эҳтимолияти таҷдиди назарнамудани меъёри бозтамвилро бо дарназардошти баҳодиҳии хавфҳои таваррумӣ, раванди таваррум ва дурнамои он дар ҷаласаҳои навбатии Кумита баррасӣ хоҳад кард.

Ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллииТоҷикистон тибқи нақша баргузор гардида, қарори навбатӣ тавассути сомонаи расмии Бонки миллииТоҷикистон интишор карда мешавад. 



Возврат к списку