Ҳашар-шанбегӣ дар боғи “Дӯстии халқҳо”

Бойгонии ахбор
28.07.2018

Ҳашар-шанбегӣ дар боғи “Дӯстии халқҳо”

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар шаҳри Душанбе санаи 13 апрели соли 2018 баён доштанд, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии муқими пойтахт пайваста рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ ва бунёди гулгаштҳо дар боғи “Дӯстии халқҳо” саҳмгузорӣ менамоянд.

20180721_095214-1.jpg

Аз ҷумла, рӯзи 21 июли соли ҷорӣ зиёда аз 40 нафар кормандони Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳашар – шанбегии боғи “Дӯстии халқҳо” фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти шанбегӣ ҳашарчиён бо тавсияи мутасаддиёни бунёди гулгаштҳои боғ дар корҳои нарму омода намудани қитъаҳои заминҳо, кашонидани пору ва нуриҳои минералӣ, шинонидани гулҳои ороишиву мавсимӣ, кашонидани сангҳои ороишӣ, обдиҳии гулу гулгаштҳо ва ғайра саҳм гузошта, барои тоза намудани роҳраву хиёбонҳои боғ аз партовҳо кӯмак намуданд.

20180721_082406-2.jpg

Ҳамчунин, як гурӯҳи ҳашарчиён барои баровардани партов аз дохили гулгаштҳои боғ сафарбар шуда, дар давоми кор тамоми роҳравҳо аз партовҳо тоза карда шуд.

Дар анҷоми маърака, ба ҳашарчиён барои меҳнати софдилона, гузоштани саҳми муносиб дар ободонии боғи мазкур ва расонидани ёрии амалӣ аз ҷониби масъулин изҳори миннатдорӣ карда шуд.

20180721_084139-3.jpg

Қайд кардан ба маврид аст, ки иқдомҳои мазкур аз ҷониби ташкилотҳои қарзии муқими шаҳр низ дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла, 28 июли соли равон, як гурӯҳ кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”дар корҳои ободониву созандагии боғи “Дӯстии халқҳо” иштирок намуда, бо тоза намудани роҳраву гулгаштҳо аз партов, саҳми худро дар бунёди тарҳи нави боғи номбурда гузоштанд. Иқдоми мазкур боиси таҳсин буда, қарор аст, ҳафтаҳои минбаъда аз ҷониби дигар ташкилотҳои қарзӣ идома дода шавад.

20180721_083106-4.jpg

Ёдовар мешавем, ки бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон дар мавриди пайваста ташкил намудани ҳашар-шанбегиҳо бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атрофи коргоҳ, дар ҳудуди Бонки миллии Тоҷикистон низ мунтазам бо иштироки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҳашар-шанбегиҳо гузаронида мешаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку