Ширкати “ISRA Consultancy Sdn” оид ба масъалаҳои маблағгузории исломӣ машғулият мегузаронад

Бойгонии ахбор
30.07.2018

Ширкати “ISRA Consultancy Sdn” оид ба масъалаҳои маблағгузории исломӣ машғулият мегузаронад

26 июли соли 2018 Ҳайати намояндагии ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn” (Малайзия) ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар доираи сафари кории ҳайати мазкур, бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn”, барои кормандони низоми бонкии мамлакат дар мавзӯи принсипҳои маблағгузории исломӣ оғоз аз 27-уми июл то 5 августи соли равон машғулияҳои омӯзишӣ ва машваратҳои корӣ доир мегарданд.

563A9868-1.JPG

Дар рафти машғулиятҳои таълимӣ, коршиносони ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn” иштирокдорони семинарро бо “Принсипҳои маблағгузории исломӣ”, “Муҳосибот барои маблағгузории исломӣ”, “Ҳисобдории амонатҳо”, “Кифоятии сармоя” ва “Хавфҳо ва идоракунии сармоя” шинос намуда, дар баробари пешниҳоди маълумотҳо оид ба пайдоиши низоми бонкии исломӣ, марҳилаҳои таъсисдиҳӣ, тавсеаёбӣ ва батанзимдарории он,

563A9865-2.JPG

тартиби амалиётҳои молиявии исломӣ, маҳсулот ва намудҳои хизматрасониҳои асосӣ, фаъолияти шӯрои шариат, шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ, назорати шаръӣ, ҳамзамон, шаклҳои маблағгузории муробаҳа, таваруқ, иҷора, музораба, мушорака, мутаноқиса, салам, истисно, вадиъаҳ ва қарзи ҳасанаро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳанд.

563A9884-3.JPG

Қобили қайд аст, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тезонидани раванди ҷорӣ намудани низоми нави алтернативӣ - низоми бонкдории исломӣ дар кишвар ва ба роҳ мондани кор дар самти танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ ва равзанаҳои исломӣ, Бонки миллии Тоҷикистон бо Ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Мутахассисони Ширкати “ISRA Consultancy Sdn” дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҳия ва муҳокимаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ барои танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии исломӣ, ҳамзамон дар омӯзиши мутахассисони низоми бонкии кишвар бо масъалаҳои маблағгузории исломӣ низ кӯмак менамоянд.

563A9857-4.JPG

Бо мақсади муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” аз 26 июли соли 2014, № 1108 қабул гардид, ки он асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ шароити мусоид фароҳам месозад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку