Татбиқи ҳамоҳангсозӣ ва мубодилаи иттилоот бо истифода аз технологияҳои муосир

Бойгонии ахбор
30.07.2018

Татбиқи ҳамоҳангсозӣ ва мубодилаи иттилоот бо истифода аз технологияҳои муосир

27 июли соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва ташкилотҳои қарзӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола оид ба татбиқи ҳамоҳангсозӣ ва мубодилаи иттилоот ба таври электронӣ байни Кумитаи андоз ва ташкилотҳои қарзӣ ва тавсеа бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

563A0055-1.JPG

Дар оғози ҷаласа муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола оид ба зарурияти татбиқи ҳамоҳангсозии электронӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати автоматикунонии раванди гирифтани мактуби ахборотӣ аз Кумитаи андоз бо истифода аз технологияҳои иттилоотии муосир бо мақсади мусоиду осон кардани ҷараёни кушодашавии суратҳисобҳои бонкӣ ба муштариён ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар низоми молиявӣ суханронӣ кард.

563A0063-2.JPG  

Зимни ҷаласаи корӣ зарурати васеътар роҳандозӣ намудани муомилоти ғайринақдӣ дар сиёсати андозӣ, шарҳи ворид гардидани иловаҳо ба Тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ва иҷрои талаботҳо тибқи Тартиби мазкур, таъмини фаъолияти мунтазами терминалҳои электронии дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насбкардашуда баррасӣ гардиданд.

563A0035-3.JPG

Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа, ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шуд, ки вобаста ба масъалаи ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз ҳангоми мубодилаи электронии маълумотҳо баррасӣ намуда, дар муҳлатҳои муқарраршуда ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Инчунин, ташкилотҳои қарзӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати таъмини соҳибкорон бо терминалҳои электронӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку