Вохӯрии Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони Бонки Мардумии Чин

Бойгонии ахбор
31.07.2018

Вохӯрии Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони Бонки Мардумии Чин

31 июли соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати намояндагони Бонки Мардумии Чин, таҳти роҳбарии Раиси шуъбаи Синзяни Бонки Мардумии Чин ҷаноби Го Cзянвей баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев Раиси шуъбаи Синзяни Бонки Мардумии Чин ва ҳамроҳони ӯро бо вазъи феълии низоми бонкии кишвар, навоварию ислоҳот дар Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба хотири рушди низоми бонкии кишвар роҳандозӣ мешаванд, шинос намуд.

Chin_1.JPG

Дар рафти гуфтушуниди ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла, дурнамои ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Мардумии Чин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо бонкҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, ба роҳ мондани амалиётҳои СВОП дар байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Чин бо асъори миллии ҳарду кишвар, сиёсати амалиётҳои фаромарзӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бонкҳои Ҷумҳурии Мардумии Чинро мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор доданд.

Chin_2.JPG

Дар ҷараёни суҳбат зикр гардид, ки байни ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор бонкҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин (Бонки давлатии рушди Чин, Agricultural Bank of China ва China Merchants Bank CO.LTD) аллакай ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуда, дар солҳои 2010-2018 тавассути бонкҳои Чин ба бонкҳои Тоҷикистон ва ташкилотҳои ғайримолиявӣ беш аз 350 млн. долл. ИМА ба таври қарз пешниҳод шудаст, ки 60 фоизи он ба се соли охир рост меояд.

Дар робита ба ин, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев пешниҳод намуд, ки барои таҳким бахшидани ҳамкории низоми бонкии ду кишвар кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин зарур аст. Зеро раванди мазкур, дар оянда барои ба роҳ мондани амалиётҳои СВОП байни бонкҳои тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла бо асъори миллӣ мусоидат намуда, барои рушди иқтисодиёти ҳам Тоҷикистон ва ҳам Чин аз манфиат холӣ нест.

Chin_3.JPG

“Инчунин, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба, барои муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла таъсиси намояндагии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Синзян ва ё дигар минтақаи Чин барои таҳким бахшидани ҳамкориҳо қадами хуб хоҳад буд. Зеро ифтитоҳи намояндагӣ имкон медиҳад бозори байнибонкӣ пурра омӯхта ва дар асоси он дар қадамҳои минбаъда амалиётҳои СВОП ва дигар муносибатҳои бонкӣ бо асъори миллии ҳарду кишвар ба роҳ монда шавад”, - қайд кард Ҷамолиддин Нуралиев.

Chin_4.JPG

Раиси шуъбаи Синзяни Бонки Мардумии Чин ҷаноби Го Сзянвей пешниҳоди Ҷамолиддин Нуралиевро дар самтҳои номбурда қобили қабул шуморида, дар робита ба масъалаҳои зикргардида қайд намуд, ки бонкҳои тиҷоратии ду кишвар метавонанд ҳамкории хуб ба роҳ монда, Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Мардумии Чин ба сифати танзимгар фаъолияти зеринро таҳти назари худ қарор диҳанд. Зикр гардид, ки барои ба роҳ мондани чунин ҳамкорӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Бонк ягон монеа ва маҳдудият дар ин самт вуҷуд надорад.

Бояд гуфт, ки дар мулоқоти корӣ роҳбарони бонкҳои кишвар, аз ҷумла БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк” , ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ширкат варзида, имкони муколама ва табодули назар ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба доштанд.

Қобили қайд аст, ки Раиси шуъбаи Синзяни Бонки Мардумии Чин ҷаноби Го Сзянвейро дар мулоқоти мазкур ҷонишини директори шуъбаи тадқиқоти молиявӣ Хуан Чжитзян ҳамроҳӣ мекард.

Хотиррасон мешавем, ки зимни сафари расмии раиси Бонки Мардумии Чин ҷаноби Жоу Сиаочуан ба Душанбе, рӯзҳои 2-4 сентябри соли 2015, байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Мардумии Чин Созишномаи СВОП ба имзо расонида шудааст.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку