Машғулиятҳои омӯзишӣ дар Маркази таълимии “Пугус”

Бойгонии ахбор
03.08.2018

Машғулиятҳои омӯзишӣ дар Маркази таълимии “Пугус”

Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn”, дар доираи сафари кории ҳайати мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 1-2 августи соли 2018 дар Маркази таълимии “Пугус”, барои мутахассисони воҳидҳои сохтории дахлдори БМТ дар мавзӯи “Меъёрҳои мақбули ташкилотҳои қарзии исломӣ” семинари таълимӣ баргузор гардид.

563A0776.JPG

Дар рафти семинар, сармушовири Бонки Исломии Рушд Яҳё Алим ур Раҳмон ва мушовири ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn” доктор Азлина Идрис ба иштирокдорони семинар оид ба муқаррароти стандартҳои вобаста ба кифоятии сармоя (IFSB),

563A0831.JPG

хавфҳо ва тартибу роҳҳои ҳисобу китоби кифоятии сармояи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва равзанаи исломӣ машғулиятҳои таълимӣ гузарониданд.

563A0782.JPG

Қобили қайд аст, ки зимни машғулиятҳо аз ҷониби мушовирони ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn”, аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба омода кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкии исломӣ ва иштирокдорони семинар инчунин якчанд санади роҳнамо оид ба мавзӯъҳои зикргардида, аз ҷумла, дастурамалҳои таҳияшуда аз ҷониби БМТ оиди кифоягии сармоя мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор дода шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку