Таҷрибаҳо омӯхта мешаванд

Бойгонии ахбор
06.08.2018

Таҷрибаҳо омӯхта мешаванд

5 августи соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон муаррифии навбатии рӯнамоҳо аз машғулиятҳои омӯзишӣ ва сафарҳои хидматии мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ва баррасии таҷрибаҳо дар давлатҳои дигар баргузор гардид.

Дар қисмати аввали муаррифӣ мутахассисони Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Сайдализода Шодмон ва Ҳасанов Шариф дар мавзӯи “Сиёсати қурби асъор”, бо таҳлили барномаи семинари байналмилалие, ки дар шаҳри Венаи Австрия баргузор гардид, бо маърӯза баромад карданд. Зимни суханронӣ номбурдагон оид ба фаъолияти бозори асъор, қоидаҳои қурби мубодилавӣ, тартиби муайян кардани қурбҳо, кифояти захираҳои бонкҳои марказӣ, бозори асъор ва ҳолатҳои мудохилаи бонкҳои марказӣ ба бозори асъор маълумоти муфассал доданд.

Presentation.jpg

Баъдан, мутахассисони Идораи омор ва тавозуни пардохт Ёқубова Шаҳриноз ва Ҳасанов Нозимҷон ба иштирокдорон оид ба таҷрибаҳои омӯхта аз машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавзӯи низоми омор ва тавозуни пардохт муаррифӣ пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, Ёқубова Ш. дар рӯнамои худ бо унвони “Тавозуни пардохт ва омори беруна” вобаста ба низоми тавозуни пардохти Бонки марказии Ҷумҳурии Туркия, мақсад ва ҳадафҳои низоми мазкур дар муқоисаи низомҳои бонкии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Туркия ва Ҳасанов Н. оид ба сохтори Идораи омори молиявӣ ва ҷамъбастӣ, сохтори ҳисоботҳои бонкҳо, раванди супоридан ва паҳнсозии маълумотҳо дар таҷрибаи Бонки миллии Ҷумҳурии Қирғизистон ва мубодилаи таҷрибаҳо дар ин самт бо рӯнамо дар мавзӯи “Масъалаҳои амалии ҷамъоварӣ, коркард, таҳия ва интишори маълумотҳои оморӣ” бо таҳлили васеъ баромад намуданд.

Runamo_2.jpg

Дар идома, сардори шуъбаи таҳлили макроиқтисодии Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд Диловар Убайдуллоев ба аҳли нишаст вобаста ба мавзӯи “Сармоягузорӣ ва муҳимияти соҳибкории хурду миёна дар Осиё”, бо таҳлили омории бозори соҳибкории хурду миёна дар кишварҳои Ҷопон, Тайланд, Индонезия, Малайзия ва таклифу пешниҳодҳо оид ба истифодабарии таҷрибаҳои алоҳида дар Тоҷикистон маълумот дод.

Runamo_3.jpg

Дар қисмати ҷамъбастӣ, ки бо муҳокимарониҳои ҷолиб сурат гирифт, сардори Идораи кормандони бонк Гадоев Давлаҳмад, баъди зикри паҳлуҳои ҷолиби муаррифиҳо, бори дигар таъкид намуд, ки мутахассисон дар баробари шарҳи мавзӯи рӯнамоҳо, инчунин, ҷиҳати бештар сайқал додани нутқ ва дониш, дар пешниҳоди фикру андешаҳои худ оид ба бартарияту камбудиҳои мавзӯъ ва истифодаи он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолтар бошанд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку