Мубодилаи таҷриба оид ба маблағгузории хурди исломӣ ва мониторинги рафти пардохти қарзӣ

Бойгонии ахбор
07.08.2018

Мубодилаи таҷриба оид ба маблағгузории хурди исломӣ ва мониторинги рафти пардохти қарзӣ

Рӯзҳои 6-7 августи соли 2018, дар доираи ташрифи намояндаи Бонки Исломии Рушд ҷаноби Саид Ҳасан Алсагоф ба Бонки миллии Тоҷикистон, барои кормандони низоми бонкии мамлакат дар мавзӯи “Мубодилаи таҷриба оид ба маблағгузории хурди исломӣ ва мониторинги рафти пардохти қарзӣ” машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Seminar_1.JPG

Сардори Идораи кормандони БМТ Давлаҳмад Гадоев дар маросими кушодашавии машғулиятҳо ҷаноби Саид Ҳасан Алсагофро аз номи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон хушбошӣ намуда, изҳор дошт, ки баргузории машғулиятҳои мазкур ва дастгирии Бонки Исломии Рушд дар ин самт дар такмили таҷрибаву дониши кормандони мақомоти танзим ва назорати бахши бонкӣ, мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд мусоидат хоҳад намуд.

Seminar_2.JPG

Қайд гардид, ки солҳои 2009-2013 Бонки Исломии Рушд бо ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон созишномаҳои қарзӣ ва кӯмаки техникӣ оид ба лоиҳаи “Маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба имзо расонидааст. Мақсади асосии лоиҳа гузоштани саҳм ба рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути таъмин ва васеъ намудани дастрасии мардуми камбизоати шаҳр ва деҳот, хусусан занҳо ба хизматрасониҳои мақбул, боэътимод ва дастрас оид ба маблағгузории хурд мебошад.

Seminar_3.JPG

“Бо назардошти таҷрибаи мазкур, ҳадаф аз баргузории семинар омӯзиш ва баррасии татбиқи лоиҳаҳои монанд мебошад, ки дар рафти машғулиятҳо мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт”, - изҳор дошт дар хотимаи суханрониаш Давлаҳмад Гадоев.

Сипас, намояндаи Бонки Исломии Рушд ҷаноби Саид Ҳасан Алсагоф ба иштирокдорони семинар оид ба стандартҳо ва принсипҳои маблағгузории исломӣ, назорати рафти пардохти қарз, гузариш аз назария ба амалия ва ғояҳои асосии хизматрасонии молиявии исломӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Seminar_4.JPG

Тибқи барномаи омӯзишӣ, аз ҷониби намояндаи Бонки Исломии Рушд 6-уми август бо кормандони воҳидҳои дахлдори сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ва 7-уми август бо кормандони ташкилотҳои қарзии кишвар оид ба мавзӯъ маърӯзаю суҳбатҳои амалӣ анҷом дода шуд.

Seminar_5.JPG

Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки Исломии Рушд, бо мақсади мусоидат намудан дар мубодилаи таҷриба, тақвияти дарку фаҳмиши мутахассисон оид ба маблағгузории исломӣ ва принсипҳои асосие, ки барои татбиқи он дар ташкилотҳои қарзӣ заруранд ташкил гардид.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку