Баланд бардоштани маҳорати касбӣ- омили асосии рушд

Бойгонии ахбор
13.08.2018

Баланд бардоштани маҳорати касбӣ- омили асосии рушд

11 августи соли 2018 таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муаррифии навбатии рӯнамоҳо аз машғулиятҳои байналмилалии омӯзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ширкат доштанд.

563A1697.JPG

Дар оғози чорабинӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев вобаста ба таваҷҷуҳи Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани донишу таҷрибаи кормандон ва дастгирии мутахассисони соҳа изҳори назар намуд. Номбурда аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадаф аз роҳандозии машғулиятҳои омӯзишӣ-баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, иқтисодӣ ва молиявии кормандони низоми бонкӣ буда, дар рафти муҳокимаи рӯнамоҳо вазъи кунунии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамолики хориҷ, сиёсати давлатии иқтисодиву молиявӣ ва пулию қарзии кишварҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.

Сипас, мутахассисони Идораи муносибатҳои байналмилӣ, аз ҷумла, муовини сардори Идора Ҳалимова Зуҳро дар робита ба “Ҷаласаҳои 34 ва 37-уми Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)”, сардори шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур Тешабаева Ҳабиба оид ба “Ҷаласаҳои 34, 35, 36 ва 37-уми Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)”, сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур Убайдуллоева Манижа дар мавзӯи “Сиёсати қурбӣ, амалиётӣ ва монетарӣ” ва мутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур Муҳамадиева Шаҳнозахон оид ба “Ҷаласаи 13-уми Гурӯҳи кории маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва ҷаласаи 8-уми Гурӯҳи кории густариши имконоти истеъмолкунанда ва идоракунии бозор” бо пешниҳоди рӯнамоҳо дар назди иштирокдорон баромад намуданд.

коллект.jpg

Дар идомаи нишаст, сардори шуъбаи назорати низоми пардохт Раҳматов Фурқат ва мутахассиси шуъбаи назорати низоми пардохти Идораи низоми пардохт Раҳмонзода Аслиддин дар мавзӯи “Низоми пардохтӣ ва инфрасохтори пардохтӣ. Назорат ва мушоҳида (оверсайт) дар бонкҳои марказӣ (миллӣ)” баромад намуда, аз натиҷаи таҷрибаи андӯхтаи хеш дар ин самт ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Баъдан, рӯнамоҳои мутахассиси Департаменти аудити дохилӣ Боронов Алим ва мутахассиси Идораи суботи молиявӣ Мирзоев Муродилло дар мавзӯъҳои “Амалияи аудити дохилӣ дар Бонкҳои марказӣ” (Internal audit practices in Central Banks) ва “Фишор-санҷиши суботи молиявӣ барои низоми бонкӣ” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

563A1455.JPG

Дар интиҳо, муовини директори Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд Қурбоналиева Нигина оид ба мавзӯи “Устувории фискалӣ” баромад намуд.

Амалия нишон медиҳад, ки омили асосии инкишоф ва такомули бахши низоми бонкӣ аз баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон вобастагии зиёд дорад. Дар робита ба ин, пайваста такмил додани маҳорати касбии кормандон аҳамияти назаррас дошта, таҷрибаҳо тавассути ба роҳ мондани машғулиятҳои омӯзишӣ ва дарсҳои назариявӣ дар амал татбиқ карда мешаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку