Мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тамоюли ҷаҳонӣ дар ин самт”

Бойгонии ахбор
15.08.2018

Мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тамоюли ҷаҳонӣ дар ин самт”

14 августи соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкати байналмилалии “Mastercard” барои намояндагони сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дар мавзӯи “Рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тамоюли ҷаҳонӣ дар ин самт” мизи мудаввар баргузор гардид.

Mastercard_1.jpg

Ҳамоишро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур ин шинос намудани намояндагони мақомоти давлатӣ ва мутахассисиони Бонки миллии Тоҷикистон бо тамоюли муосири ҷаҳонӣ дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, татбиқи воситаҳои муосири пардохти электронӣ ва таъмини амнияти амалиётҳои ғайринақдӣ мебошад. Зикр гардид, ки дар арсаи байналмилалӣ ширкати “Mastercard” яке аз низомҳои пардохтии бонуфуз буда, дорои таҷрибаи ғанӣ дар самти татбиқи технологияҳои муосири пардохтӣ мебошад.

Mastercard_2.jpg

Дар қисмати минбаъдаи ҳамоиш намояндагони ширкати байналмилалии “Mastercard” Игор Степанов, Антон Бороздин ва Евгений Балезин бо рӯнамоҳо дар мавзӯъҳои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тамоюли ҷаҳонӣ дар ин самт, татбиқи хизматрасониҳои иноватсионӣ, Smart cities – консепсияи шаҳри оқил, барномаҳо барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, амнияти амалиётҳо бо кортҳои пардохтӣ ва пешгирии амалҳои қаллобӣ баромад намуда, ба иштирокчиёни ҳамоиш оид ба таҷрибаи ширкати байналмилалии “Mastercard” дар ин самт маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Mastercard_3.jpg

Дар қисмати баҳсу мунозира иштирокдорони ҳамоиш ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, пешниҳодҳои манзуршуда аз ҷониби маърӯзакунандагон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку