Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи июли соли 2018

Бойгонии ахбор
15.08.2018

Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи июли соли 2018

Сатҳи таварруми моҳона пас аз раванди муътадил дар моҳи июли соли равон нисбатан баланд гардида, ба 1,1 фоиз1 баробар шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин моҳи соли қаблӣ ба андозаи 0,7 банди фоизӣ (б.ф.) зиёд мебошад.

Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби афзоиши нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ 1,2 фоиз (саҳм дар таваррум 0,3 б.ф.) ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ ба андозаи 3,6 фоиз (0,6 б.ф.) ба амал омад. Ҳамзамон, дар ин моҳ болоравии нархи маҳсулотҳои хӯрокворӣ низ ба қайд гирифта шуд, ки ба 0,4 фоиз (0,2 б.ф.) баробар мебошад.

Шарҳи бештар: Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи июли соли 2018

1 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Возврат к списку