Ҳашар-шанбегиҳо мунтазам гузаронида мешаванд

Бойгонии ахбор
15.08.2018

Ҳашар-шанбегиҳо мунтазам гузаронида мешаванд

11 августи соли 2018 дар шанбегии дастаҷамъона, зиёда аз 40 нафар кормандони Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳашар баромада, дар тозаву озода намудани саҳни ҳавлии корхона аз алафҳои бегона ва худрӯй, ба тартиб овардани гирду атроф ва ободониву кабудизоркунии боғчаи назди Бонки миллии Тоҷикистон саҳми худро гузоштанд.

Subotnik_1.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни боздид аз рафти шанбегӣ, ҷиҳати тоза нигоҳ доштани муҳит ва нигоҳубини дарахтону растаниҳо ба ҳашарчиён дастуру тавсияҳои лозимӣ дод.

Subotnik_2.JPG

Қобили қайд аст, ки дар пайравӣ ба ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, бунёди гулгаштҳо ва кабудизоркуни муҳити атроф ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон дар мавриди пайваста ташкил намудани ҳашар-шанбегиҳо бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳашарҳои дастаҷамъӣ ва шанбегӣ мунтазам ва ба таври фаъол гузаронида мешаванд.


Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку