Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҷаноби Йоаҳим Шиммер

Бойгонии ахбор
17.08.2018

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҷаноби Йоаҳим Шиммер

16 августи соли 2018 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо мушовири калони Бундесбонки Олмон ҷаноби Йоаҳим Шиммер мулоқоти корӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкориҳои судманди Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки дар заминаи ин ҳамкориҳо якчанд барномаи мушаххас оид ба кӯмакҳои техникӣ таҳия гардида, марҳила ба марҳила мавриди амал қарор дода шуда истодаанд.

563A2168.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зикр намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии кор, сифатан беҳтар гардонидани фаъолият ва идоракунӣ дар таҷдиди сохтори дохилии бонк ва иҷрои талаботҳои меъёрӣ раванди назорат ва идоракунии амалиётҳоро бо мақсади коҳиш додани хавфҳо ба роҳ мондааст. Инчунин, вобаста ба масъалаи мазкур, дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор як қатор ташаббусҳо ба итмом расонида шуда, айни ҳол, лоиҳаи “Усули се хати муҳофизатӣ” дар раванди амалишавӣ қарор дорад.

563A2063.JPG

Мушовири калони Бундесбонки Олмон Йоаҳим Шиммер дар навбати худ аз пазироии хуб изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки номбурда бо ҳамкорӣ байни Бундесбонк ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи “Усули се хати муҳофизатӣ” ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф оварда, муддати муайян дар ин самт бо мутахассисони БМТ кор хоҳад бурд. Мушовири калони Бундесбонки Олмон зикр намуд, ки ин усул фаҳмиши идоракунии хавфҳо ва раванди назорати онҳоро тавассути муайян намудани нақшҳо ва вазифаҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон дар самти қабули қарорҳо беҳтар мегардонад.

563A2071.JPG

Қобили қайд аст, ки лоиҳаи “Усули се хати муҳофизатӣ” як қисми кушишҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодӣ, пулию қарзӣ, назоратӣ, идоракунии хавфҳо ва аудити дохилӣ бо меъёрҳои беҳтарини таҷрибаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун нигоҳи нав дар низоми бонкӣ, ба фаъолияти амалиётӣ ва назоратии Бонки миллии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку