Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҷаноби Ней Сенг Вонг

Бойгонии ахбор
23.08.2018

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҷаноби Ней Сенг Вонг

23 августи соли 2018 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ёвари директори идоравии мақомоти монетарии Сингапур ҷаноби Ней Сенг Вонг, ки бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи кӯмаки техникии Бонки Осиёии Рушд, барои татбиқи лоиҳаи “Усули се хати муҳофизатӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқоти корӣ анҷом дод.

563A2514-1.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев сараввал ташрифи ҷаноби Ней Сенг Вонгро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар баробари пешниҳоди маълумот оид ба навовариҳо ва ислоҳот дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои муштарак бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла, Бонки Осиёии Рушд изҳори қаноатмандӣ намуд.  

Ҷамолиддин Нуралиев зикр кард, ки лоиҳаи “Усули се хати муҳофизатӣ” барои дастгирии низоми бонкӣ, раванди назорат ва идоракунии амалиётҳо бо мақсади коҳиш додани хавфҳо таҳия карда шудааст. Бо назардошти омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаҳои пешқадами бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ дар амал татбиқ намудани лоиҳаи мазкур мувофиқи мақсад дониста мешавад.

563A2794-2.JPG

“Бонки миллии Тоҷикистон барои расидан ба мақсади асосии сиёсати макропруденсиалӣ, яъне мусоидат намудан дар нигоҳдошти суботи низоми молиявии кишвар як қатор тадбирҳои ислоҳотӣ татбиқ намуда истодааст ва истифодаи мушовирони байналмилалӣ, ки дар ин самт таҷрибаи муайян доранд, ба манфиати кор хоҳад буд”, - қайд кард Ҷамолиддин Нуралиев.

Ёвари директори идоравии мақомоти монетарии Сингапур ҷаноби Ней Сенг Вонг ба Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои пазироии хуб изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки омода аст, дар доираи таҷриба ва малакаи мавҷуда ҷиҳати ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи “Усули се хати муҳофизатӣ”, инчунин, таъмини ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои Тоҷикистон мусоидат намояд. Аз ҷумла, номбурда афзуд, ки баҳри густариши ҳамкорӣ бо истифода аз воситаҳои дахлдори сиёсати макропруденсиалӣ бо дарназардошти вазъи мавҷудаи низоми бонкӣ, баррасиии натиҷаҳо ва тавсияҳо бо сохторҳои дахлдори БМТ фаъолият хоҳад намуд.

563A2555-3.JPG

Зимни мулоқот инчунин мушовири Бонки миллии Тоҷикистон Аксел Сауер, мушовири Бундесбонки Олмон ҷаноби Йоаҳим Шиммер, ки дар доираи кӯмаки техникӣ бо сохторҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун фаъолият доранд ва роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзида, оид ба истифодаи фишангҳои макропруденсиалӣ, сиёсати монетарӣ ва масоили низоми бонкӣ муколамаи ҷолиб доир намуданд.

563A2548-4.JPG

Мавриди зикр аст, ки сиёсати макропруденсиалӣ – маҷмӯи чораҳои эҳтиётие мебошанд, ки барои коҳиш додани хавфҳои низоми молиявӣ равона шудаанд. Вобаста ба ин, сиёсати макропруденсиалӣ бо роҳи назорат бурдан, баҳодиҳӣ ва коҳиш додани хавфҳои низом ҷиҳати пурзӯр намудани устувории молиявӣ ва баланд бардоштани нақши бахши молиявӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар татбиқ гардида, баҳри таъмини суботи молиявӣ мусоидат менамояд. Сиёсати макропруденсиалӣ танҳо барои паст намудани эҳтимолияти ба вуҷуд омадани буҳронҳои оянда равона гардида, масъулияти пурра аз байн бурдани онҳоро ба зимма надорад.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Возврат к списку