Татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

Бойгонии ахбор
24.08.2018

Татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

23 августи соли 2018, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола вохўрии навбатии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

563A3079.JPG

Дар оғози нишаст муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоишҳои мазкур пешгирӣ намудан аз паёмадҳои номатлуби зуҳуроти рӯз, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, қабули қарорҳои хусусияти коррупсионидошта ва амалҳои ба ин монанд мебошад.

Дар идома, муовини сардори раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком вобаста ба рафти иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт ба ҳозирин маълумот манзур намуд. Мавсуф оид ба хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки зарару оқибатҳои ногувори ин падидаи нангин, талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ дар кишвар ва дар амал татбиқ намудани он, ҷой доштани чунин ҳолатҳо дар низоми бонкӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин амалҳо дар назди иштирокдорон бо маърӯзаи муфассал баромад намуд.

563A3070.JPG

Дар вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паст кардани шиддати коррупсия ва ба ин васила баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, мубориза бо амалҳои хислати коррупсионидошта ва коҳиш додани хатари коррупсия дар ҷомеа аз ҳар нафар шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар масъулияти зиёдро талаб менамояд.

563A3061.JPG

Дар анҷом муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л.Ҷ. вохӯрии мазкурро, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, саривақтӣ ва зарур шуморида, изҳор дошт, ки ҳамкориҳо дар самти пешгирии омилҳои коррупсионӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ минбаъд низ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фаъолтар гардонида шуда, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар самти баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар миёни кормандон пайваста ва муассир ба роҳ монда мешаванд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку