Дар бораи додани иҷозатномаи оператори низоми пардохтии "Золотая корона" ба Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платежный Центр”

Бойгонии ахбор
31.08.2018

Дар бораи додани иҷозатномаи оператори низоми пардохтии "Золотая корона" ба Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платежный Центр”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2018 таҳти №123, мутобиқи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробакунии “Платежный Центр” (Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд) барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Золотая корона” ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд.

Идораи низоми пардохт вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробакунии “Платежный Центр” (ҶДММ) санаи 01 ноябри соли 2012 оид ба ташкил додани Низоми пардохтии “Золотая корона” қарор қабул намуда, аз ҷониби Бонки Русия тибқи талаботи Қонуни Федералӣ “Дар бораи низоми пардохтии миллӣ” ҳамчун оператори низоми пардохтӣ санаи 20 декабри соли 2012 ба қайд гирифта шудааст.

Низоми пардохтии “Золотая корона” хизматрасониҳоро оид ба интиқоли маблағҳо, барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтӣ, инчунин дигар хизматрасониҳои пардохтиро тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ ба муштариён пешниҳод менамояд.

Низоми пардохтии “Золотая корона” ба феҳрасти Низомҳои пардохтии дорои аҳамияти иҷтимоидоштаи Русия ва Қазоқистон дохил карда шуда, тавассути зиёда аз 550 бонкҳо ва ширкатҳои Русия, кишварҳои ИДМ ва дигар давлатҳои хориҷӣ хизматрасонӣ менамояд.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ТҚҒҲ “Платежный Центр” хизматрасонии интиқоли маблағҳоро дар асоси шартнома бо 25 ташкилоти қарзии ватанӣ пешниҳод намуда, дар бозори хизматрасонии интиқоли маблағҳо мавқеи аввалро ишғол менамояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку