Ба Ҷамъияти саҳомии «КИВИ БОНК» иҷозатномаи оператори низоми пардохтии CONTACT дода шуд

Бойгонии ахбор
31.08.2018

Ба Ҷамъияти саҳомии «КИВИ БОНК» иҷозатномаи оператори низоми пардохтии CONTACT дода шуд

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2018 таҳти №124, мутобиқи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба Ҷамъияти саҳомии “КИВИ БОНК” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии CONTACT ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд.

Идораи низоми пардохт вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Низоми пардохтии CONTACT соли 1999 таъсис дода шуда, яке аз аввалин низоми интиқоли маблағҳои Русия ба ҳисоб меравад. Бо сабаби иваз намудани оператори низоми пардохтӣ, Низоми пардохтии CONTACT 17 марти соли 2017 аз ҷониби Бонки Русия такроран ба қайд гирифта шуда, ҳамчун низоми аҳамиятноки миллӣ ва иҷтимоӣ эътироф гардидааст.

Дар баробари хизматрасонии интиқоли маблағҳои пулӣ бе кушодани суратҳисобҳо Низоми пардохтии CONTACT имконият медиҳад, ки маблағҳои пулиро инчунин ба суратҳисобҳо, кортҳои пардохтии бонкии низомҳои пардохтии байналмилалии VISA, Masterсard, МИР, UnionPay, American Express, Diners Club International, низомҳои пардохтии миллии давлатҳои хориҷи наздик интиқол намоянд.

Низоми пардохтии CONTACT дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии интиқоли маблағҳоро тавассути 19 ташкилотҳои қарзии ватанӣ пешниҳод менамояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку