Ба Ҷамъияти саҳомии бонки тиҷоратии “ЮНИСТРИМ” иҷозатномаи оператори низоми пардохтии "ЮНИСТРИМ" дода шуд

Бойгонии ахбор
31.08.2018

Ба Ҷамъияти саҳомии бонки тиҷоратии “ЮНИСТРИМ” иҷозатномаи оператори низоми пардохтии "ЮНИСТРИМ" дода шуд

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2018 таҳти №125, мутобиқи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба Ҷамъияти саҳомии бонки тиҷоратии “ЮНИСТРИМ” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “ЮНИСТРИМ” ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд. 

Идораи низоми пардохт вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Низоми интиқоли маблағҳои “ЮНИСТРИМ” соли 2001 дар заминаи департамент дар сохтори Бонки тиҷоратии “ЮНИАСТРУМ БАНК” таъсис дода шуд. Низоми пардохтии байналмилалии интиқоли маблағҳои “ЮНИСТРИМ” аз ҷониби Бонки Русия тибқи талаботҳои Қонуни Федералӣ “Дар бораи низоми пардохтии миллӣ” 10 августи соли 2012 ба қайд гирифта шуда, ҳамчун низоми аҳамияти миллидошта (25.02.2015) эътироф гардид.

Феълан Низоми пардохтии байналмилалии интиқоли маблағҳои “ЮНИСТРИМ” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии интиқоли маблағҳоро тавассути 13 ташкилотҳои қарзии ватанӣ пешниҳод менамояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку