Эълон дар бораи гузаронидани озмун

Бойгонии ахбор
31.08.2018

Эълон дар бораи гузаронидани озмун

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ ва гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии бонк барои соли молиявие, ки 31 декабри соли 2018 анҷом меёбад, озмун эълон мекунад. Озмун дар доираи чор ширкати бузургтарини ҷаҳонӣ, ки бо номи “Чоргонаи бузург” эътироф шудаанд, маҳдуд мегардад.

Барои иштирок дар озмун ширкатҳои аудиторӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд:

а) дархости иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбари ширкат ва муҳри он тасдиқ шудааст;
б) маҷмӯи зерини ҳуҷҷатҳо:

  • нусхаи тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии ширкати аудиторӣ бо назардошти тағйироту иловаҳо;
  • тавозуни муҳосибӣ ва ҳисобот дар бораи фоидаву зиёни ширкати аудиторӣ дар санаи ҳисоботии охирин;
  • лоиҳаи шартнома бо зикри арзиши подош (ҳаққи хизмат), нақша ва муҳлати гузаронидани аудит, усули гузаронидани аудит.
Нархи гузаронидани аудит бояд нархи ниҳоӣ буда, андозҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда ва хароҷоти дигарро дарбар бигирад.

Муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 20 сентябри соли 2018 муқаррар мешавад.

Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро ба шахси масъули зерин ирсол намоянд:

Алим Боронов,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А,
Бонки миллии Тоҷикистон, Департаменти аудити дохилӣ,
тел.: + (992) 44 600 31 40, + (992) 44 600 32 37,
е-mail: aboronov@nbt.tj


Возврат к списку