Ҷашнҳои давлатиро сазовор истиқбол мегирем

Бойгонии ахбор
03.09.2018

Ҷашнҳои давлатиро сазовор истиқбол мегирем

Ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гӯшаву канори кишвар ҳамарӯза корҳои ободониву созандагӣ, бунёди гулгашту хиёбон ва ниҳолшинонию кабудизоркунӣ идома доранд.

563A3356.JPG

Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он низ, дар қатори дигар кормандони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо ҳар ҳафта, дастаҷамъона ба ҳашар баромада, дар корҳои ободонии гирду атрофи биноҳои маъмурӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

563A1508.JPG

Рӯзи 1 сентябри соли равон дар шанбегии навбатие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид, наздики 100 нафар кормандони бонк ба ҳашар баромада, зери дарахтон ва гулу буттаҳои ороишии қаблан шинонидашударо нарм карда, атрофи биноро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза намуданд.

563A3327.JPG

Маврид ба зикр аст, ки дар асоси дастури Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани чунин шанбегиҳо ҳар ҳафта ба роҳ монда шуда, кормандони бонк бо иштироки фаъолонаи худ дар ободонию зебогардонии кишвари азизамон ҳиссаи муносиби худро мегузоранд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку