Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи августи соли 2018

Бойгонии ахбор
12.09.2018

Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи августи соли 2018

Аз рӯи ҷамъбасти моҳи августи соли равон сатҳи таварруми моҳона1 дар доираи дурнамои пешбинигардида қарор дошта, раванди тағйирёбии муътадил дошт ва ба 0,8 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 1,1 банди фоизӣ (б.ф.) зиёд мебошад.

Ба таварруми ҳосилшуда асосан болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 1,1 фоиз (саҳм дар таваррум 0,6 б.ф.) ва арзиши хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 1,2 фоиз (0,2 б.ф.) таъсир расонид. Ҳамзамон, дар ин моҳ нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ бетағйир ҷамъбаст гардид.

Шарҳи бештар: Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи августи соли 2018

1Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Возврат к списку