Дар бораи ҶДММ “Аудитории Ш.Адолат” ва ҶДММ “БМҶ Аудит”

Бойгонии ахбор
20.09.2018

Дар бораи ҶДММ “Аудитории Ш.Адолат” ва ҶДММ “БМҶ Аудит”

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, мутобиқи қисми 13 моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва қисми 13 моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” бинобар пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ, риоя накардани қисми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳангоми гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ барои соли 2017, ҶДММ “Аудитории Ш.Адолат” ва ҶДММ “БМҶ Аудит” аз Рўйхати ташкилотҳои аудиторие, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, санаи 14 сентябри соли 2018 хориҷ намуд.

Ҳамзамон, бояд ёдовар шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо асосҳои дар боло қайдшуда ҶДММ “Грант Торнтон”-ро низ аз Рўйхати мазкур дар соли 2017 хориҷ намуд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку