Эълони Озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ

Бойгонии ахбор
03.10.2018

Эълони Озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи амалиёт дар бозори озод


I
Сармутахассиси шуъбаи кор бо қарзҳо (1 ҷой)



Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point, Visio ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • малаки касбии кор бо НАБ (Низоми автоматикунонии бонкӣ)
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмист, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ;
  • донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлил ва идораи хавфҳо;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • доштани собиқаи корӣ дар ташкилотҳои молиявии кишвар на кам аз 3 сол.

II
Сардори бахши амалиётӣ (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ва техникӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point, Visio ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ;
  • донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлил ва идораи хавфҳо;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;
  • доштани собиқаи корӣ дар ташкилотҳои молиявии кишвар на кам аз 2 сол.


Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти олии касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН)

 
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: 600 - 32- 32; 600- 31- 38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 19.10.2018с


Возврат к списку