Дар бораи ҶДММ “Тоҷик Аудит Консалтинг”

Бойгонии ахбор
04.10.2018

Дар бораи ҶДММ “Тоҷик Аудит Консалтинг”

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, мутобиқи қисми 13 моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” бинобар пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ, риоя накардани қисми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳангоми гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ, ҶДММ “Тоҷик Аудит Консалтинг”-ро аз Рўйхати ташкилотҳои аудиторие, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, санаи 03 октябри соли 2018 хориҷ намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку