Риояи кодекси ахлоқ - баёнгари маърифати баланд ва масъулият

Бойгонии ахбор
11.10.2018

Риояи кодекси ахлоқ - баёнгари маърифати баланд ва масъулият

10 октябри соли 2018 дар маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони бонк машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Риояи одоби муошират ва одоби кор» баргузор гардид.

Сардори Идораи кормандони БМТ Давлаҳмад Гадоев ҷаласаро бо овардани иқтибос аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба риояи одобу ахлоқ ва доштани маданияти баланди муоширату муносибат оғоз намуда, қайд кард, ки одобу ахлоқи корӣ маҷмӯи меъёру қоидаҳо ва талаботҳое мебошад, ки риоя накардани он, дар маҷмӯъ, боиси коҳиш ёфтани самара ва эътибори фаъолияти корӣ мегардад.

563A6399_1.JPG

“Имрӯз талаботи маънавии ҷомеаи муосир нисбат ба корманд ё хизматчии давлатӣ аз муомилаи эҳтиромона бо шаҳрвандон иборат мебошад, ки ин нуктаҳо дар Кодекси ахлоқи корманди БМТ таъкид гардидааст. Тартиби рафтору муносибат ва риояи ахлоқу одоб дар фаъолияти корӣ баёнгари сатҳи фарҳанг, маърифат, масъулият ва одоби корманд мебошад. Бо арзишҳо, қоидаҳо ва талаботи одоби расмӣ хуб ошно будан ва риоя кардани он шарти муҳим ба ҳисоб рафта, метавонад омили афзудани обрӯи мақомоти давлатӣ дар назди шаҳрвандон ва ҷомеаи байналмилалӣ гардад”, - изҳор дошт зимни суханронӣ Давлаҳмад Гадоев.

Сипас, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов дар назди иштирокдорон оид ба одоби муошират ва нақши фарҳанги суханварӣ дар адабиёти классику муосири тоҷик баромад намуда, қайд кард, ки мардуми адабпарвар ва суханпарвари мо аз қадим ба сухани баланд ҳусни таваҷҷуҳ дошт ва ба кору амали сухандону суханварони асил арҷ мегузошт.

563A6413_2.JPG

“Гузаштагони мо суханро “беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ” ва “шарифтарин дурри садафи одамият” ба қалам додаанд, ки бе ҳикмат нест. Вале ҳангоми сухан гуфтан бояд чанд шарти муҳим риоя гардад: сухан бояд ба дарку фаҳмиши шунаванда гуфта шавад; дар сухан гуфтан бисёр боэҳтиёт бояд буд; сухан бояд созанда бошад, на сӯзанда”, - зикр кард Султонов М.

Дар идомаи машварати омӯзишӣ, бори дигар усулҳои асосии одоби корманди БМТ, қоидаҳои рафтори корманд ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматӣ, шаклҳои одоби муносибати хизматӣ ва ғайрихизматӣ ва аҳамияти одоби муошират аз ҷониби Давлаҳмад Гадоев ва Мирзоҳасан Султонов ба иштирокдорон шарҳ дода шуд. Аз ҷумла, сареҳан таъкид гардид, ки фаъолияти корманди БМТ ба қонуният, садоқат ба халқу Ватан, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, таҳаммулпазирӣ, поквиҷдонӣ ва беғаразӣ, қатъият, махфият, касбият ва салоҳиятмандии фаъолият такя мекунад.

Дар интиҳои машварати омӯзишӣ аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз худ ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, муҳаббату садоқат ба миллату давлат зоҳир намуда, дар самти таҳкими пояҳои низоми бонкӣ, таъмини суботи кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамеша устувор ва содиқ бошанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку