Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи сентябри соли 2018

Бойгонии ахбор
11.10.2018

Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи сентябри соли 2018

Сатҳи таваррум1 тайи шаш моҳи охир (апрел-сентябр) раванди болоравии муътадил дошта, дар моҳи сентябри соли равон 1,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи 1,5 банди фоизӣ (б.ф.) зиёд мебошад.

Дар моҳи мазкур ба таварруми бавуқӯъомада асосан болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 2,8 фоиз (саҳм дар таваррум 1,5 б.ф.) ва нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ 0,6 фоиз (0,2 б.ф.) таъсир расонид. Ҳамзамон, коҳишёбии арзиши хизматрасонии пулӣ ба аҳолӣ ба андозаи 3,8 фоиз (0,6 б.ф.) ба қайд гирифта шуд.

Тибқи таҳлилҳо сатҳи таварруми мазкур дар маҷмӯъ аз сатҳи интизоришаванда каме баланд ҷамъбаст гардида, асосан дар натиҷаи таъсири омилҳои бо пешниҳодот ва мавсим, инчунин барзиёдии талаботи маҷмӯӣ алоқаманд ба амал омад.

Шарҳи бештар: Шарҳи таваррум барои моҳи сентябри соли 2018

1 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Возврат к списку