Фишанги нави амалиётии сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ҷорӣ мегардад

Бойгонии ахбор
12.10.2018

Фишанги нави амалиётии сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ҷорӣ мегардад

Бонки миллии Тоҷикистон баҳри татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ), танзими ҳадафи амалиётӣ, идоракунии сатҳи пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва меъёрҳои кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ, фишангҳои амалиётии монетариро таҳким мебахшад.

Аз ҷумла, бо мақсади зиёд намудани дараҷаи таъсирбахшии фишангҳои монетарӣ ва ҷолибнок намудани шарту услуби анҷомдиҳии амалиётҳои монетарӣ механизми ҷалби амонатҳои кӯтоҳмуддати ташкилотҳои қарзӣ тариқи музоядаҳо ба роҳ монда мешавад.

Фишанги монетарии мазкур дар асоси Дастурамали 226 “Дар бораи гузаронидани амалиёти кӯтоҳмуҳлати амонатӣ бо пули миллӣ азҷониби Бонки миллии Тоҷикистон” бо меъёри фоизи ҳадди ақали меъёри бозтамвил ҷамъ 2 б.ф ва ба муҳлати як сол амалӣ гардида, музоядаи нахустин 24 октябри соли 2018 тариқи низоми электронии ”Thomson Reuters” баргузор мегардад. Дар доираи механизми фишанги мазкур ташкилотҳои қарзӣ тавассути иштирок дар музоядаҳои амалиёти амонатии кӯтоҳмуддат метавонанд маблағҳои озоди худро дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ доранд.

Дар баробари ин, ҷиҳати вусъат додани амалиётҳои монетарӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат, ҳавасманд ва фаъол гардонидани ташкилотҳои қарзӣ дар музоядаҳои қарзӣ, минбаъд ҷалби амонатҳои ташкилотҳои қарзӣ дар сурати иштирок дар музоядаҳои қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун гарави қарз бо коэффитсиенти пурра ба роҳ монда мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини самаранокии сиёсати монетарӣ тибқи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ амалиётҳои кӯтоҳмуҳлати бозтамвил, аз қабили қарзи шабонарӯзӣ (овернайт), қарзи рӯзона (интрадей), музоядаҳои қарзиро пешниҳод менамояд. Истифодаи фишангҳои амалиётии сиёсати монетарӣ ба ташкилотҳои қарзӣ имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти худро бо қарзҳои кӯтоҳмуҳлати наздик ба меъёри бозтамвил ва бо фоизҳои нисбат ба фоизҳои бозорӣ пасттар қонеъ гардонанд. Ва баръакс, дар ҳолати муваққатан барзиёдии пардохтпазирӣ, ташкилотҳои қарзӣ метавонанд дар амалиёти амонатии шабонарӯзӣ (овернайт) ва музоядаҳои коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистони бо меъёри фоизии бо меъёри бозтамвил алоқаманд иштирок намоянд.


Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд


Возврат к списку