Густариши ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ

Бойгонии ахбор
18.10.2018

Густариши ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ

16 октябри соли 2018 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбари Намояндагии минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар Осиёи Марказӣ хонум Кассандра Колберт, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқоти корӣ доир намуд.

563A7257-1.JPG

Зимни мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва хонум Кассандра Колберт вазъи кунунии бахши молиявии мамлакат, дурнамои рушди соҳа дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат, имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши молиявӣ тавассути афзоиши сармоягузориҳо дар муассисаҳои молиявии кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуд.

563A7259-2.JPG

Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ҳамзамон диққати хонум Кассандра Колбертро ба ду самти муҳим, аз ҷумла маблағгузории низоми бонкӣ ва кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҷалб намуда, аз намояндаи IFC даъват ба амал овард, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии аҳолӣ ва рушди бахши суғурта ҳиссагузор бошанд.

563A7244-3.JPG

Хонум Кассандра Колберт дар навбати худ қайд кард, ки барои ба роҳ мондани ҳамкории сифатан нав ва тавсеаи ҳамкории IFC бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахши низоми бонкӣ талош хоҳад кард.

563A7268-4.JPG

Маврид ба зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур роҳбари идораи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева ва роҳбарони воҳидҳои сохтории БМТ иштирок намуданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку