Идоракунӣ ва батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол

Бойгонии ахбор
18.10.2018

Идоракунӣ ва батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол

17 октябри соли 2018 Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи барномаи “Рушди инфрасохтори молиявӣ” барои ташкилотҳои қарзӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон семинари амалиро дар мавзӯи идоракунии хавфи қарзӣ ва паст кардани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол (ҚҒФ) баргузор намуд. Дар кори семинар Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Муовини Раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода, Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ва дигар коршиносони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ иштирок доштанд.

563A7368-1.JPG

Тавре дар оғози семинар қайд гардид, ҳадаф аз баргузории семинари мазкур - баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони низоми бонкӣ дар самти идоракунии қарзҳо ва пешбурди сиёсати қарзӣ мебошад. Зикр карда шуд, ки ташкили низоми идоракунии хавфҳо, аз ҷумла хавфи қарзӣ баҳри таъмини самаранокии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ зарур буда, саривақт муайян ва бартараф кардани камбудиҳо ва ё пешгирии хавфҳо аз маҳорати кордонӣ ва эътимоднокии кормандони ташкилотҳои қарзӣ ва мақомоти идоракунии он вобастагии калон дорад.

563A7350-2.JPG

Дар кори семинар вобаста ба вазъи қарзҳои ғайрифаъоли низоми бонкӣ, оид ба вазъи воқеии он дар низоми бонкии кишвар, сохтори қарзҳои ғайрифаъол ва ҳаҷми гаравҳои гирифташуда, сохтори сандуқи қарзии бонкҳо ва ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, ташкили ФПТИ иловагӣ ва сатҳи таъминнокии қарзҳои ғайрифаъол дар чанд соли охир Директори Департаменти назорати бонкии БМТ Нурмуҳаммад Шарипов бо муаррифӣ баромад намуд. Дар рафти муаррифӣ зикр гардид, ки хавфи қарзӣ таъсири худро ба тамоми самтҳои фаъолияти ташкилоти қарзӣ расонда, дар навбати худ имконияти пешниҳоди қарзҳои навро маҳдуд менамояд, ки он албатта ба иқтисодиёти ҳар як кишвар таъсири худро дошта метавонад.

563A7454-4.JPG

Дар қисмати дуюми семинар, аз ҷониби мутахассиси пешбари соҳаи молиявии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Дамодаран Кришнамурти ва мутахассиси калони соҳаи молиявии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Фернандо Данкуза оид ба мавзӯъҳои “Идоракунӣ ва батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол” ва “Муаммоҳои андозбандӣ дар раванди батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯнамо муаррифӣ гардид. Зимни муаррифиҳо омилҳои пайдошавии қарзҳои ғайрифаъол ва роҳҳои ҳалли масъала бо омӯзиши таҷрибаи мазкур дар кишварҳои рӯ ба рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

563A7420-5.JPG

Дар қисмати муҳокимаронӣ иштирокдорон оид ба масъалаҳои таъсири қарзҳои ғайрифаъол ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва иқтисодиёт, муҳиммият ва моҳияти идоракунии дурусти қарзҳои ғайрифаъол, андозбандии қарзҳои ғайрифаъол, масъулияти уҳдадории қарзҳои ғайрифаъол ва фарҳанги қарздиҳӣ фикру андешаҳои худро иброз намуда, ба саволҳо посух гирифтанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку