Харитаи электронии мавқеи ҷойгиршавии филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии низоми бонкӣ

Бойгонии ахбор
25.10.2018

Харитаи электронии мавқеи ҷойгиршавии филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии низоми бонкӣ

Бонки миллии Тоҷикистон ба иттилоъи аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мерасонад, ки бо мақсади дастрасии саривақтӣ ба хизматрасониҳои низоми молиявӣ Мавқеи ҷойгиршавии филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии низоми бонкӣ дар харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли электронӣ таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар қисмати чапи саҳифаи асосӣ ҷойгир карда шуд.

Аз ин рӯ, тамоми истифодабарандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ метавонанд, мавқеи ҷойгиршавии филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкие, ки ба маҳалли зист ва ё ҷойгиршавии онҳо наздик аст, аз рӯи ин харитаи электронӣ тариқи онлайн дарёфт намуда, аз маълумоти он бархӯрдор шаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку