Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Бойгонии ахбор
26.10.2018

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

25 октябри соли 2018 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)-ро дар ҳайати Сармутахассис оид ба рушди бозори пул ва бозори сармоя ҷаноби Фернандо Гонсалес, Ҳамоҳангсози Лоиҳаи ислоҳоти ҳуқуқӣ хонум Александра Фасахова, Роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова ба ҳузур пазируфт.

563A7564-1.jpg

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба натиҷаҳои фосилавии “Лоиҳаи ислоҳоти ҳуқуқӣ” дар самти бозори пул ва бозори сармояи Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар намуда, дар баробари ин масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бахши молиявиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо БАТР изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи судманд дар самти рушди бозори коғазҳои қиматнок , ки яке самтҳои асосии рушди низоми бозори молиявӣ мебошад, бо истифода аз фишангҳои муосир изҳори ҳавасмандӣ кард. Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро ба афзалиятҳои ҷории рушди бозори сармоя ва танзими он ҷалб намуд.

563A7637-2.JPG

Зимни мулоқот Сармутахассис оид ба рушди бозори пул ва бозори сармоя ҷаноби Фернандо Гонсалес изҳор намуд, ки Ҳисобот оид ба бозори пул ва бозори сармояи Тоҷикистон бо назардошти вазъи ислоҳоти татбиқшуда дар ин самт ва устувории молиявии бонкҳои тиҷоратӣ таҳия карда шуд.

Вобаста ба ҳисоботи мазкур Ҳамоҳангсози “Лоиҳаи ислоҳоти ҳуқуқӣ” хонум Александра Фасахова зарурати ислоҳот дар заминаи қонунгузориҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти бозори пул ва бозори сармояи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Зикр карда шуд, ки натиҷаи таҳлили инфрасохтори бозори пул ва бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ нишон дод, ки бозори сармояи Тоҷикистон ба рушд ва пешравӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, барои рушди бозори мазкур ва ҷорӣ намудани фишангҳои нави миёнамуҳлат дар он, зарурати таҷдиди қонунгузорӣ дар самти бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад, зеро қонунгузории амалкунанда доираи амалиёт ва фаъолиятро дар бозор маҳдуд сохтааст.

563A7538-3.JPG

“Бозори рушдёфтаи пул ва сармоя ҳамчун механизми ҷалби сармояи дохилӣ бидуни сарбории андози иловагӣ ба буҷет ва диверсификатсияи сохтори қарзи давлатӣ ба ҳисоб рафта, аз тарафи дигар рушди бозори молиявиро бо ҷойгир намудани сармояи озоди ташкилотҳои молиявӣ таъмин менамояд, - зикр карданд коршиносони БАТР. Дар такя ба ин омил, Ҷамолиддин Нуралиев инчунин қайд кард, ки бояд меъёри фоизии коғазҳои қиматнок дар асоси рукнҳои бозории талаботу таклифот муайян гардида, каҷхатаи даромаднокии коғазҳои қиматноки давлатӣ метавонад ҳамчун маҳаки меъёри фоизӣ барои сармоягузорони хориҷӣ баромад намояд. Дар навбати худ, ин бевосита барои беҳтар гардидани шаффофият ва пешбинишаванда гардидани сиёсати фоизӣ дар сиёсати фискалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

563A7540-4.JPG

Дар идома, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев пешниҳодҳои коршиносони БАТР-ро қобили дастгирӣ дониста, дар баробари таҷдиди қонунгузории бозори коғазҳои қиматнок, инчунин рушди фишангҳои корпоративӣ, раванди ҳисоботдиҳӣ ва бозори аввалиндараҷа ва дуюмдараҷаро дар бозори коғазҳои қиматнок муҳим арзёбӣ намуд. Ҷамолиддин Нуралиев илова намуд, ки айни ҳол баҳри таъмини рушди бозори коғазҳои қиматнок дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор Гурӯҳи кории байниидоравӣ фаъолият дорад.

Дар фароварди мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати БАТР-ро барои мусоидат ва ҳамкорӣ баҳри тавсеа ва пешравии бозори пул ва сармояи кишвар миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки таҳлил ва тавсияҳои коршиносони БАТР мавриди таваҷҷуҳ ва корбарии минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор қарор хоҳанд гирифт.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку