Ҳафтаи байналмилалии пасандоз

Бойгонии ахбор
30.10.2018

Ҳафтаи байналмилалии пасандоз

25-уми октябри соли 2018 бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) дар ҳошияи ҳафтаи байналмилалии пасандоз барои толибилмони синфҳои болоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 ва №36-и шаҳри Душанбе дар доираи шиносоӣ бо Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон машғулияти омӯзишии молиявӣ баргузор гардид. 

563A7670.JPG

Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола дар саросари кишварҳои ҷаҳон нимаи дуюми моҳи октябр чорабинии “Ҳафтаи байналмилалии пасандоз”, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон қайд карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон чорабинии мазкурро соли севум аст, ки ҷашн мегирад.

Бо мақсади баланд бардоштани завқи наврасон ва ҷавонон ба омӯзиши донишҳои молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон, низ дар якчоягӣ бо Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (Олмон) ва бонкҳои тиҷоратии кишвар дар гузаронидани чорабинии мазкур фаъолона саҳм мегузоранд.

563A7686.JPG

Дар баробари доир намудани машғулиятҳои интерактивӣ (инфиродӣ) ба толибилмон оид ба нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихи пайдоиши пули миллӣ, хусусият ва арзиши миллӣ будани он маълумоти мухтасар дода шуд. Толибилмон дар баробари тамошои нигораҳои таърихӣ, аз ҷумла сикка ва дирҳамҳои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ шинос шуда, бо як шавқи хоса ва таваҷҷуҳи зиёд ба нақлҳои масъули Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихшинос Салмон Ҷамолов гӯш доданд. Дар ҷамъбасти машғулият хонандагон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, ба онҳо китобчаҳо оид ба таърихи пули миллӣ ва нигораҳои Осорхонаи Бонк миллии Тоҷикистон, ки барои ғанӣ гардонидани дониши молиявии толибилмон мусоидат менамояд, тақдим гардид.

563A7699.JPG

Дар фароварди чорабинӣ масъулини Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ изҳор доштанд, ки баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ барои боло бурдани сатҳи саводнокии молиявии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, новобаста аз синну сол ва мансубияти иҷтимоии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Возврат к списку