Ташрифи таҳлилгарони Ширкати Moody’s Investors Service ба Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
31.10.2018

Ташрифи таҳлилгарони Ширкати Moody’s Investors Service ба Бонки миллии Тоҷикистон

29 октябри соли 2018 таҳти роҳбарии Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло бо намояндагони Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service мулоқоти корӣ доир гардид. Ҳайати Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service-ро Директори иҷроияи Гурӯҳи рейтингҳои мустақили Осиё ҷаноби Ҷин Фанг роҳбарӣ карда, инчунин дар мулоқот коршиносони ширкат Владлен Кузнетсов ва Матю Киркоста ҳамроҳӣ доштанд.

563A7791.JPG

Мулоқотро нахуст Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода оғоз намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъи феълии низоми бонкии ҷумҳурӣ, татбиқи ислоҳотҳо дар ин бахш, самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ба ҷалби сармоягузорӣ, аз ҷумла гидроэнергетика, сайёҳӣ ва бахшҳои дигари афзалиятнок ҷалб намуд.

Зимни машварат ҷонибҳо оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва рушди минбаъдаи воқеии иқтисодиёт ибрози назар намуда, масъалаҳои молиявию буҷетӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ барои баҳодиҳии рейтингии минбаъда мавриди муҳокима қарор доданд.

563A7764.JPG

Намояндагони ширкати Moody’s Investors Service Ҷин Фанг ва Владлен Кузнетсов вобаста ба омӯзиш ва натиҷагирӣ аз уҳдадориҳои давлатӣ, ислоҳот дар низоми бонкӣ, захираҳои байналмилалӣ, сатҳи таваррум ва рушди иқтисодиёт дар муайянкунии рейтинг ибрози назар намуданд. Дар идома, аз ҷониби коршиноси Ширкати Moody’s Investors Service Матю Киркоста муаррифии муфассал дар мавзӯи методологияи гузаронидани рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии рейтинг, аз ҷумла аз рӯи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, сиёсати фискалӣ, суботи ниҳодӣ ва хавфҳои эҳтимолии ҳолатҳои ғайричашмдошт манзури ҳозирин гардонида шуд.

563A7802.JPG

Дар мулоқоти мазкур роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзида, оид ба муаррифии пешниҳодшуда ва самтҳои алоҳидаи муайянкунии нишондиҳандаҳои рейтингӣ фикру ақидаи худро баён карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати Moody’s Investors Service аз соли 2013 ба роҳ мондааст ва ин ширкат рейтинги соҳибихтиёрии кишварро барои пайгирии минбаъда муайян менамояд. Ширкати рейтингии Moody’s бори аввал (барои солҳои 2013-2014) барои Тоҷикистон рейтинги “В3”-ро сазовор дониста, дурнамои онро устувор арзёбӣ намуд.

563A7760.JPG

Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service фаъолияти худро аз соли 1909 ба роҳ монда, ҳамчун яке аз ширкатҳои бонуфузтарини рейтингии ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Ширкати мазкур бо ҷалби беш аз 10 000 нафар дар 26 давлати дунё фаъолият дошта, дороии он ба 3,5 млрд. доллари ИМА баробар аст.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку